Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоҳзода, Валии Валиаҳди Арабистони Саудӣ: “Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”

03.01.2016 20:28, Арабистони Саудӣ

“Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”, - изҳор дошт имрӯз Валии Валиаҳд, муовини дуввуми раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ар-Риёз.

Дар ин мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олӣ, ки имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳосил гардид, ба таври муфассал баррасӣ шуд.

Тавре иттилоъ доданд, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар баробари фаъолияташ дар мансабҳои олии мазкур ҳамчунин роҳбари Шӯрои оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди назди Ҳукумати Арабистони Саудӣ мебошад.

Аз ин хотир дар ин мулоқот бештар ба масоили вобаста ба дастгирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби хазинаҳои хайриявии Мамлакати Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар изҳор дошт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд.

Тавре аён гардид, роҳбарияти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳавасманди ба сатҳи сифатан нав баровардани муносиботаш бо Тоҷикистон аст.

Дар ин робита густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ манфиатбахш номида шуд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520