Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

08.12.2015 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо заминларзаи 7 декабр бо раиси Вилояти  Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят-Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ба раиси Вилояти  Мухтори Куҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию сарулибос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.  

Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дастур дод, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ фавран ба Вилояти  Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар карда, рафти корҳоро таҳти назорати бевосита гирад.

Супориш дода шуд, ки фавран ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба мардуми осебдида таъсис дода шаванд ва таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳо шабурӯз фаъол бошанд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520