Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск

01.12.2015 19:47, Белгия

Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки «Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои гуногуни он ва тамоми кишварҳои узви ин ниҳод манфиатдор ва мо Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики муҳим ва боэътимоди хеш дар арсаи байналмилалӣ мешуморем".

Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва амниятӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, қонунгузорӣ ва пойдории демократия изҳори қаноатмандӣ карданд.

Вобаста ба беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ ва субот дар ин кишвар, амалӣ намудани лоиҳаю барномаҳои аҳамияти минтақавӣ дошта мисли сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хатҳои барқ, сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ба манфиати тамоми мардуми минтақа аст амри зарурӣ дониста шуд

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили вобаста ба амну суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда,  изҳор доштанд, ки муқовимати якҷоя алайҳи ин хатарҳо идома хоҳад ефт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520