Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол

30.11.2015 20:39, Фаронса

Имрӯз дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот кард.

Зимни мулоқот оид ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст гуфтугӯи  самимӣ анҷом дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки“мардумони шарифи кишварҳои қадимаи моро робитаҳои хеле амиқи таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак мепайванданд".

"Мо низ ҳавасманди ҳамкориҳои хуб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар самти ик,тисоду фарҳанг ва энергетика ҳамкорӣ дошта бошем" -изҳор дошт дар ҷараёни суҳбат Абдулмалик Саллол.

Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

Ҷонибҳо аз вазъи  имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик изҳори нигаронӣ намуда, хоҳони ҳалли мусолиматомези бӯҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа шуданд ва изҳори умед карданд, ки кишварҳои мусулмонӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ҳамкории худро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ тақвият мебахшанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520