Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ниҳолшинонӣ дар Боғи набототи “Шакарпариён”-и шаҳри Исломобод

13.11.2015 17:01, Покистон

Субҳи 13 - уми ноябр, рӯзи сеюми сафари давлатӣ ба Покистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод ба боғи набототи Шакарпариён ташриф овард.

Дар ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони Раёсати кулли рушди Исломобод ҳамроҳӣ карда, меҳмони олимақомро бо ниҳолҳо ва набототи ин боғ шинос карданд.

Тавре маълум гардид, дар боғи набототи Шакарпариён ниҳолҳои гуногуни сояафкан, мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишии зебо шинонида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳбари ободкор ва созанда аст, ҳамчун рамзи таҳкими рушду густариши ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар ин боғ ниҳоли Магнолия, навъи грандифлора, яъне гулкалон шинонд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуи неки тавсеаи равобити Тоҷикистону Покистон, шукуфоию пешравии давлату миллати дӯст соядаст гузошт.

Бо ҳамин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо натиҷаҳои неку бобарор барои ояндаи муносибатҳои дуҷониба анҷом ёфт.

Бо нишони эҳтироми хоса ва самимияти баланд ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи байналмилалии Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф гусел намуд.

Мулоқоту музокироти судманди сатҳи олии ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистону Покистон, имзои санадҳои наву муҳими танзимкунандаи равобити ҳасанаи ду кишвар, замина гузоштан ба оғози татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ба нафъи давлатҳо ва минтақаро метавон натиҷаҳои пурарзиши ин сафари давлатӣ номид.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон оғоз гардида, баъди имзои 8 ҳуҷҷати нав дар ин сафар, акнун ҳамкории ду кишварро наздики 50 санади меъёрию ҳуқуқӣ танзим мекунад.

Дар ҷараёни сафар пурра эҳсос гардид, ки роҳбарият ва мардуми дӯсти Покистон ба ин ташрифи давлатии Эмомалӣ Раҳмон назари нек дошта, ба ояндаи ҳамкориҳо хушбин ҳастанд.

Бо сафҳои горди фахрӣ ва парчамҳои давлатии ду кишвар оростани саҳни фурудгоҳ ҳангоми истиқбол ва гусели Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо шиору овезаҳои шодбошӣ ва аксҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазиру Президенти Покистон ва ҳам парчамҳои ду давлат оро додани кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳри Исломобод аз эҳтирому самимияти олии роҳбарият ва мардуми ин кишвари дӯст ба Тоҷикистон ва сарвари давлати мо ва аз аҳамияти олии ин сафари давлатӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Мавриди зикри хос аст, ки маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин сафари давлатӣ, инчунин тавассути ҳамаи расонаҳои хабарии ин кишвар ба таври васеъ ва дар шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш гардид.

   Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф Эмомалӣ Раҳмонро дӯсту бародар ва Тоҷикистонро хонаи дуюми худ хонд. Ҳамчунин иброз дошт, ки ташрифи дӯсту бародар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон боиси хушнудии бепоёни мардум гардида, Покистон низ барои Эмомалӣ Раҳмон хонаи дуюм аст. 

13 - уми ноябри соли 2015-ум баъди анҷоми сафари бобарори давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ватан баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520