Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзои 8 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Япония

24.10.2015 13:59, шаҳри Душанбе

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни ду кишвар 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

1. Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония;

2. Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон (даври 2)».

3. Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон (даври 2)».

4. Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ.

5. Изҳороти ҳамкорӣ миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази кашшофии молиявии комиссияи миллии бехатарии ҷамъиятии Япония;

6. Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо миёни Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон;

7. Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оид ба татбиқи лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах;

8. Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ миёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукубаи Япония;

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвар баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520