Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча” дар шаҳри Хуҷанд

20.10.2015 14:40, шаҳри Хуҷанд

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди чубу тахтаи “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар маҷмӯъ иқтидори солонаи корхона коркарди 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Баъди пурра ба кор даромадан корхона ин нишондод ба 12 миллион сомонӣ хоҳад расид.

Дар корхонаи Арча ҳамчунин барои хушк кардани чӯби воридшуда технологияи муосир насб гардиааст, ки бо он давоми як моҳ метри мукаъаб ашёи хоми воридшуда барои коркард омода карда мешавад.

Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Италия ва Украина ворид карда шуда, маҳсулоти корхона, аз ҷумла дару тирезаҳои хушсифат ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мегардад.

Яке аз афзалиятҳои муҳими ин корхонаи нав истеҳсолоти бепартови он мебошад, яъне тамоми партовҳои истеҳсолӣ мавриди коркарду истифода қарор мегирад. Ин кор дар ду дегхонаи буғӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ба роҳ монда мешавад. 

Дар ин корхона 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд,  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи дуюми бинои истеҳсолӣ корҳои омодагӣ барои таъсиси корхонаи муштарак бо ширкатҳои давлати Белорус идома дорад. Дар навбати дуюм дар ин корхона истеҳсоли намудҳои гуногуни мебел ва дигар ашёи ороишӣ барои хонаҳои ҳама гуна биноҳо ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфти мутахассисон маҳсулоти ин корхона пурра аз чӯби табиӣ буда, дар вақти коркард ва истеҳсолот маводи кимиёвӣ хеле кам истифода мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи корхона, аз ҷумла дару тиреза, профилҳо, ашёи хона, ошхона, утоқҳои корӣ ва дигар маводи ороишии аз чӯб омодашударо тамошо карда, ба сифати онҳо баҳои баланд дод.

Чунонки Сарвари давлат таъкид дошт, чунин соҳибкорон метавонанд дару тиреза ва мебели сатҳи ҷаҳонӣ бароварда, ба бозори Тоҷикистон маҳсулоти воридотивазкунанда пешниҳод намоянд ва ҳам содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бозори дохилию хориҷиро омӯхта, маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, истеҳсол кунанд. Тибқи супоришҳои Президенти кишвар бояд тарғиби маҳсулоти  чунин корхонаҳои ватанӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Маслиҳат дода шуд, ки барои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳам барои аҳолӣ бояд маҳсулоти арзону босифат истеҳсол ва пешниҳод карда шавад.  

Роҳбарияти корхона ваъда доданд, ки дар оянда бо васеъ намудани фаъолият истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, дар ин замина ҷойҳои иловагии корӣ таъсис хоханд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520