Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи “Ресандаи Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд

20.10.2015 13:14, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” - и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд.

Арзиши корҳои барқарорсози корхона 2 миллион сомонӣ буда, коркарди  солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад.

Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии БИМЭКО сурат гирифта, дар як сол дар ин ҷо ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол карда мешавад.

Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи корхона намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро тамошо кард. Баъди ифтитоҳи корхона зимни боздид аз он бо шароити кор аз наздик шинос шуд ва бо коргарону мутахассисон, ки аксарияташонро занон ташкил медиҳанд, суҳбати самимӣ доир кард.

Тавре маълум шуд, роҳбарии корхонаро соҳибкорзан Равзанабону Неъматуллоева ба уҳда дорад ва коргоҳи ресандагиро аз ширкати «Сомон Суғд» ба муҳлати дароз ба иҷора гирифтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ғайрату иродаи қавии ин зани тоҷик аҳсан хонда, ба онҳо дар пешбурди кори роҳбарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бозоргир барору комёбӣ орзу намуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин зани ботаҷриба на танҳо корхонаи куҳнаро барқарор кард, балки як қисми иқтидори корхонаро эҳё карда, маҳсулоти ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро истеҳсол карда истодааст.

Равзанабону Неъматуллоева ба Президенти мамлакат ваъда дод, ки дар сурати пешравии корҳо оянда бо барқарор кардани навбати дуюми коргоҳ то соли 2016 боз барои 400 нафар занони хонашин ҷойи кори доимӣ таъсис медиҳад.

Занону бонувони хонашин, ки дар ин корхона бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ба пешвои миллат барои ғамхории ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои саноатӣ агар аз як ҷониб афзоиши истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад, аввалтар аз ҳама таъмини сокинон бо кор ва маоши хуб аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба коргарон дар бораи дастгирии ҳукумат аз соҳибкории хурду миёна ва маблағгузории он ёдовар шуда, изҳор дошт, ки барои пешрафти кори соҳибкорони ватанӣ тамоми имтиёз ва шароитҳо муҳайё гардидааст ва минбаъжд низ онҳо ба таври васеъ дастгирӣ меёбанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520