Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз вазъи роҳҳо дар вилояти Суғд

19.10.2015 16:59, шаҳри Истаравшан

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард. Сарвари давлат дар роҳи сафар ба вилояти Суғд аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроқум бевосита шинос шуд.

Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент Президенти мамлакат шахсан пушти чамбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику чинӣ баҳои баланд дод.

Чунончи зикр гардид камбудиҳои ҷузъӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент вуҷуд доранд, вале азбаски муҳлати сохтмони ин роҳ ҳоло анҷом наёфтааст, изҳори бовар шуд, ки ҳамаи нуқсонҳои ҷойдошта бартараф мегарданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба вилояти Суғд тавассути ин шоҳроҳ аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, баҳои баланд дод.

Мавриди зикри хос аст, ки новобаста аз боришоти борону барф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе тавассути роҳи мошингард ва ағбаву нақбҳо то вилояти Суғд беш аз 700 километрро тай карда, барои мулоқот бо сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин минтақаи ҷумҳурӣ ташриф овард.

Баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, асос гузоштан ба бунёди як қатор биноҳои дигар зимни суҳбату мулоқотҳои самимию созанда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, ки баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст, ба сокинони вилоят супоришҳои мушаххас дод.    

Сарвари давлат доир ба бартараф намудани камбудиҳое, ки дар роҳҳои дигари шаҳру ноҳияҳои номбаршуда муайян гардиданд ба масъулини маҳаллию ҷумҳуриявӣ супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520