Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ ҳангоми маросими оғози бунёди шаҳраки Баҳористон

19.10.2015 11:58, шаҳри Истаравшан

Дӯстони азиз!

Шиносоии имрӯза бо вазъи рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастоварду пешравиҳои мардуми заҳматкаши вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ эътимоди моро бори дигар ба он қавӣ мегардонад, ки маҳз ба шарофати сулҳу суботи устувор, ваҳдати миллӣ ва заҳмати софдилонаву аҳлонаи сокинони мамлакат сарзамини муқаддасамон торафт ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии аҳолии он мунтазам беҳтар шуда истодаааст.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам хотирнишон созам, ки дар раванди ободонии Тоҷикистони азизамон саҳми сокинони шаҳри Истаравшани бостонӣ ва ноҳияи Ғончӣ низ хеле назаррас мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба кулли сокинони заҳматқарини шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, барои талошҳои созанда дар роҳи ободии Ватани маҳбубамон, инчунин барои  пазироии самимии  Роҳбари давлат, ки баёнгари эҳсоси гарми ватандӯстиву ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар мебошад, арзи сипос менамоям. 

Тавре ки худи шумо мушоҳида мекунед, Ҳукумати мамлакат тамоми захираву имкониятҳоро ҷиҳати таъмин намудани пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва бо ҳамин роҳ тадриҷан ҳаллу фасл кардани масъалаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ  ба ҳар як сокини кишвар равона кардааст.

Дар ин раванд, ҳалли  яке аз мушкилоти асосии аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ таъмин кардани сокинон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар баробари ин, мусоидат ба ҳалли таъмин намудани мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор ва манзили истиқоматӣ ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни  аҳолӣ низ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Чунонки огоҳед, мо бо ин мақсад дар давоми чанд соли охир дар манотиқи гуногуни кишвар ба бунёди шаҳракҳои наву замонавӣ оғоз кардаем. Аз ҷумла бунёди шаҳракҳои Саразму Меҳробод ва Моҳпариву Сайҳун дар вилояти Суғд далели ин гуфтаҳо мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дар доираи қарорҳои Ҳукумати мамлакат тайи солҳои 2010-2015 дар вилояти Суғд 78 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд, яъне қариб 500 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳо соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардида, шароити зисти худро беҳтар кардаанд.

Маълум аст, ки солҳои охир аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Истаравшан, Ғончӣ, Ашт, Қайроққум, Чкалов ва Мастчоҳ мисли дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат хеле афзуда, зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст.

Мо дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола санги асоси бунёди шаҳраки Сайҳунро гузошта будем, ки бо амалӣ шудани он зиёда аз 40 ҳазор оила ё беш аз 250 ҳазор нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд.

Бунёди шаҳракҳои нав имконият медиҳад, ки заминҳои бекорхобида азхуд карда шуда, ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд дар баробари бунёди манзили истиқоматии нав соҳиби замини корам ва боғу токзор гардида, бо шуғли доимӣ ва даромади хуб таъмин карда шаванд.

Ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар низ дар ин самт ба он нигаронида шудааст, ки тавассути истифодаи самараноку мақсадноки обу замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аҳолӣ ҳарчи бештар ба шуғл ҷалб гардида, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шавад.

Бо мақсади муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва умуман таъмин намудани рушди ноҳияи Ғончӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат аз моҳи сентябри соли 2014 лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ғончӣ барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.

Мувофиқи маълумот аз соли 2000 то инҷониб аҳолии ноҳияи Ғончӣ 32 фоиз афзудааст ва то соли 2020 ба зиёда аз 173 ҳазор нафар мерасад.

Дар қаламрави ноҳияи Ғончӣ заминҳои корам беш аз 36 ҳазор гектар буда, зиёда аз 30 фоизи онҳоро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд, ки асосан барои кишти картошка ва дигар навъҳои сабзавот, полезиҳо ва истеҳсоли меваю ангур истифода мешаванд.

Аз ин лиҳоз, ҳоло масъалаи бо оби полезиву нӯшокӣ таъмин кардани аҳолӣ ва майдонҳои кишт аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷаи ноҳияи Ғончӣ мебошад.

Бо дарназардошти муҳим будани ин масъала бо дастгирии Ҳукумати  мамлакат айни замон кашидани хатти оби Даҳкатсой - Даҳанасой оғоз шудааст.

 Зеро мардуми заҳматкашу соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ғончӣ дар сурати фароҳам овардани шароити зарурӣ имконият доранд, ки картошкапарвариро ба соҳаи асосӣ ва сердаромад табдил дода, талаботи аҳолии вилоятро бо картошка ва  хоҷагиҳои кишоварзии мамлакатро бо тухмии хушсифат ва серҳосили ин навъи зироат таъмин намоянд.

Бар замми ин, заминҳои ҳосилхези ин мавзеъ барои боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ ва ғаллакорӣ хеле мусоиданд. Барои ноил шудан ба ин мақсад танҳо об лозим аст.

Обанбори Даҳанасой, ки иқтидори лоиҳавиаш 42 миллион метри мукааб мебошад, дар асл аз ҳисоби борону селҳои мавсимӣ ҳар сол дар он ба ҳисоби миёна то 8 миллион метри кубӣ об ҷамъ мешавад, ки ин миқдор ҳамагӣ 32 фоизи талаботи соҳаи кишоварзӣ ва аҳолиро таъмин карда метавонад. 

Бинобар ин, сохтмони хатти обрасонии Даҳкатсой - Даҳанасой барои рушди иқтисодиёти ноҳия мавқеи ҳалкунанда дорад. Дар сурати бунёди хатти мазкур танҳо дар давраи тирамоҳу зимистон ба обанбори Даҳанасой 14 миллион метри кубӣ оби Даҳкатсой ҷорӣ мешавад.

 

Тибқи ҳисоби мутахассисон захираи оби обанбор минбаъд 90 фоизи талаботи ноҳияро бо об таъмин намуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то се баробар зиёд мегардад.

Ҳамчунин  таъминоти хоҷагиҳои поёноби ноҳия, ки қариб 15 ҳазор гектар замин доранд, тадриҷан беҳтар гардида, иловатан боз то 6 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ обёрӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар мавзеъҳои Даштикон ва Сексарии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтан сарчашмаҳои оби нӯшокӣ умуман вуҷуд надоранд.

Дар ин мавзеъҳо сокинони зиёди  маҳаллӣ ва муҳоҷирони экологӣ истиқомат мекунанд.

Ғайр аз ин, дар заминҳои                        ба Истаравшану Зафаробод тааллуқдоштаи сарҳади ноҳия низ аҳолии зиёд истиқомат мекунанд, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Бо татбиқи лоиҳаи зикршуда, яъне бунёди хатти обрасонии Даҳкатсой - Даҳанасой ва захира намудани миқдори зарурии об зиёда аз 74 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва беш аз 200 хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ пурра таъмин мегарданд.

Минбаъд сокинони шаҳраки Баҳористон, ки мо имрӯз санги асоси бунёди онро гузоштем, метавонанд дар мавзеъҳои Даштикону Сексарӣ бо зироаткорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ машғул шуда, хоҷагиҳои инфиродии деҳқонӣ ташкил кунанд ва шароити зиндагии оилаҳои худро беҳтар намоянд.

            

Дӯстони азиз!

Шаҳраки Баҳористон барои беш аз 35 ҳазор нафар аҳолӣ, аз ҷумла барои 25 ҳазор нафар сокинони шаҳри Истаравшан ва сеюним ҳазор нафар сокинони ноҳияи Ғончӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи нақшаи генералӣ дар шаҳраки Баҳористон сохтмони 70 хонаи баландошёна, зиёда аз 3400 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, биноҳои маъмурӣ, беморхонаву дармонгоҳ, мактабу кӯдакистон, варзишгоҳ, бозор, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Инчунин барои бо оби полезӣ ва ошомиданӣ таъмин намудани шаҳрак дар вақтҳои наздиктарин ҳашт чоҳи амудӣ ба истифода дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз корҳои ободонӣ ва обёрии заминҳои азхудшавандаи мавзеи Баҳористон босуръат идома доранд.

Аз ҷумла, марҳалаи аввали сохтмони хатти обрасонӣ ба анҷом расида, аз мавзеи Лакат хатти об кашида шудааст ва соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба бунёди хонаҳои истиқоматии худ шурӯъ кардаанд.

 

Итминон дорам, ки дар ояндаи наздик сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ бо заҳмати аҳлона ин мавзеъро ба диёри ободу зебо ва биёбони дирӯзаро ба гулистон табдил хоҳанд дод.

Ҳозирини арҷманд!

Шаҳраки Баҳористон дар мавзеи бисёр мувофиқ - дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бунёд мегардад.

Роҳи ин шаҳрак ҳам ба самти Истаравшан ва ҳам ба самти Хуҷанд мувофиқ буда, дар оянда ба шаҳраки намунаи заҳмати созандаи сокинони Истаравшану Ғончӣ табдил хоҳад ёфт.

Тибқи нақша Баҳористон ҳамчун шаҳраки замонавӣ бунёд карда мешавад, аз ин рӯ, зарур аст, ки масъалаи бо риояи меъёрҳои муосир ва тарҳи зебои меъмории миллӣ бунёд намудани биноҳои истиқоматӣ бояд дар маркази диққати мутахассисону масъулон қарор дошта бошад.

Чунки дар шаҳрак сохтмони биноҳои нӯҳошёна ва аз он ҳам баланд барои қариб 5 ҳазор оила ба нақша гирифта шудааст. 

Дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ соҳибкорону тоҷирони ташаббускори саховатманд, ватандӯсту бонангу номус зиёданд ва онҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди биноҳои таъиноти гуногун саҳм гузоранд ва барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёри худ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд.

Айни замон кӯчаи даромадгоҳи асосии шаҳрак ва кӯчаи дохили он  мумфарш шуда, марҳалаи аввали лоиҳаи таъминот бо оби нӯшокӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст, ду чоҳи амудӣ  кофта шуда, хатҳои обрасонӣ ва иншооти дигар бунёд гардидаанд.

Мо бо нақшаи генералии шаҳрак шинос шуда, санги асоси бинои маъмурӣ ва мактабу кӯдакистонро гузоштем ва итминон дорем, ки муҳандисону сохтмончиён иншооти зикршударо дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта, ба истифода месупоранд.  

                Ҳозирини гиромӣ!

Бояд гуфт, ки кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои асосии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ буда, кишоварзони соҳибтаҷриба бо заҳмати софдилонаи худ дар самти афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама, меваю сабзавот, маҳсулоти чорводорӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ саҳми назаррас доранд.

Иқлими мусоид ва майдони зиёди заминҳои ҳосилхез имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзун карда шавад.

Ғайр аз ин, тавре ки медонед, талаботи бозори истеъмолӣ торафт зиёд шуда истодааст.

Кишоварзони Истаравшану Ғончӣ дар масъалаи истифодаи оқилонаи обу замин, яъне маданияти заминдорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хоҷагидорӣ соҳиби таҷрибаи бой мебошанд, ки он барои ба даст овардани ҳосили баланд, азхуд кардани заминҳои нав, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори содиротии кишвар ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки роҳбарону шахсони масъул вазифадоранд, ки ба масъалаи тақсимоти одилонаи замин ва бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин кардани оилаҳои эҳтиёҷманд ва дар навбати аввал мутахассисон ва оилаҳои ҷавон, инчунин баррасии саривақтии муроҷиат ва арзу шикояти мардум ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дӯстони азиз!

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям.

Вазъи ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба ҳар кадоми шумо маълум аст ва аз ин рӯ, ҳар яки мову шумо бояд зиракиву ҳушёрӣ ва эҳтиром кардану ҳифз намудани манфиатҳои миллату давлатро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накунем.

Падару модарон, роҳбарону фаъолон, зиёиён, шахсони обрӯманду калонсолони рӯзгордида бояд ҷавононро аз хатари гароиш ба мазҳабу фарҳанги бегона ва ҳар гуна равияву ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ, ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни олами ислом даст ба харобкорӣ ва қатлу куштори даҳшатноку ваҳшатбор мезананд, нигоҳ доранд.

Вазифаи ҳамаи мост, ки мардум ва хусусан наврасону ҷавононро аз вазъи пурмоҷарову пурҳаводиси ҷаҳон хабардор кунем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем ва як масъалаи ниҳоят муҳимро ҳамеша талқин созем, ки дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ, қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Хотирнишон месозам, ки мардуми шарифи Истаравшан дар тӯли таърих ҳамеша ватандӯсту ватанпарвар ва илмдӯсту адабпарвар буда, хурофоту ифротгароиро қатъан қабул надоштанд, яъне ҷонибдору  тарғибгари зиндагии пешрафта ва орому осуда буданд.

Итминон дорам, ки онҳо ин хислатҳои некро минбаъд низ густариш бахшида, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва заҳмати созанда тарбия мекунанд.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду шарафманди шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саъю талоши бештар меварзанд.

Шубҳае нест, ки мардуми заҳматқарини вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Истаравшану ноҳияи Ғончӣ ҷашни мубораку муқаддаси 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки соли оянда таҷлил карда мешавад, бо дастовардҳои арзандаи ҷашни чорякасраи озодиву соҳибихтиёрии Ватани азизамон истиқбол мегиранд ва дар ин раванд ҷиҳати ноил шудан ба пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми ватандӯстонаи худро дареғ намедоранд.

Ба ҳар яки шумо ва хусусан ба сокинони ояндаи шаҳраки Баҳористон, ки мо санги асоси онро бо ниятҳои нек гузоштем, хонаи обод, баракати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду хушрӯз бошед!

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520