Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунии Рукнобод дар шаҳри Панҷакент

18.10.2015 12:55, шаҳри Панҷакент

18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат нахуст ба фаъолияти Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди "Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед", воқеъ дар деҳоти  “Рукнобод” оғози расмӣ бахшид.

Корхонаи маъдантозакунии Рукнобод аз тарафи ширкати чинии «Броадтек» бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ (21 миллион долари ИМА) сохта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 75,0 ҳазор тонна маъдан буда, ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд.

Дар корхонаи нав дар маҷмуъ 220  нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд, ки аз онҳо 140 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Сокинони шаҳр баъд аз гузаштан аз курси махсуси бозомӯзӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Технологияи навтарини корхонаи "Броадтек-Тоҷикистон" имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 300 тонна хока коркард ё шуста шавад.

Алҳол корҳои омодагӣ ва мувофиқгардонӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани навбати дуюми корхона, ки маҳсулоти ниҳоии он металҳо аз мис ва қалъагӣ мебошад, идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо бо фаъолияти мутахассисон, ҷараёни истеҳсолот, технологияи нави воридшуда ва шароити корӣ бевосита шинос шуд.

Ин корхона дар наздикии кони "Мушистон", воқеъ дар қаторкуҳҳои Зарафшон бунёд карда шудааст ва аз маркази шаҳри Панҷакент 30 километр дуртар ҷойгир аст.

Соҳибкорони чинӣ нақша доранд, ки дар оянда доираи фаъолияти худро боз ҳам васеъ намуда, дар заминаи ҳамин кон боз якчанд корхонаҳои саноатии дигарро низ бунёд намоянд.

Зимни мулоқот бо коргарони корхонаи нав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми корхонаҳои саноатӣ дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти шароити зисти сокинони шаҳр андешаронӣ карда, коргаронро ба фаъолияти пурсамар ва иҷрои софдилонаи корҳо ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона супориш дод, ки ба сифати корҳо, сари вақт супоридани андозҳо ва таъмини кормандон бо маоши хуб аҳамияти махсус диҳанд.

Аз рӯйи супориши Сарвари давлат бояд беш аз 90% кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳалӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520