Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои бозии хоккей бо иштироки Владимир Путин

07.10.2015 19:14, Русия

Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия рафти бозии хоккейро, ки бо иштироки Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, тамошо кард.

Тавре Владимир Путин иттилоъ дод, бо ин бозӣ мавсими панҷуми бозиҳои Лигаи шабонаи хоккей дар Русия оғоз меёбад.

Президенти Русия дар ҳайати дастаи «Ситораҳои НХЛ» (Лигаи миллии хоккей) бо дастаи мунтахаби НХЛ қувваозмоӣ намуд.

Бозӣ бо ҳисоби 15–10 ба фоидаи дастаи «Ситораҳои НХЛ», ки Валадимир Путин шомили он буд, ба поён расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин бозӣ дар рӯзи зодрӯзи 63-юми Владимир Путин дар қасри бузурги хоккейи Сочи ҷараён дорад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520